Ман кӣ ҳастам...?

Ҳикояҳояи кӯтоҳе дар мавзӯи:



«Ман кӣ ҳастам ? Мо кистем ? Ман чӣ гунаам ? Онҳо чӣ гунаанд ? Оё қоидаҳо лозиманд ? Чиро оиди ҳуқуқҳои инсон мо медонем ?»

Азизҷон Каримов яке аз хонандагони фаъол, пешқадам ва аълохони Мактаби таҳсилоти миёнаи умумии №11-и шаҳри Хуҷанд буда, дар синфи 10-ум таҳсил мекунад. Азизҷон оғози як рӯзи аз саҳар офтобӣ, ки нурҳояш рӯи баргҳои дарахтони тирамоҳӣ дурахшида, манзараи зебои тиллоиро пеши назари ҳар роҳгузар тасвир мекард, ба мактабаш мешитофт. Ҳамсинфонашро хеле пазмон шуда буд.


Ин дафъа Иди Истиқлолияти давлатӣ, ки ба рӯзи душанбе рост омада сабаби ду рӯз надидани дӯстонаш гардид ва тасаввур ҳам карда наметавонист, ки гапаш бо ҳамсинфон мегурезаду боиси озурдахотирии ӯ мегардад.

Азизҷон аз ҳар вақта дида дертар ба хона баргашт. Рӯйи ҳавлӣ модараш бо ташвишҳои рӯзгор аз пайи корҳои хона буд. Азизҷон ба модараш салом гуфту хост то, ки зудтар вориди ҳуҷараш шавад. Модар эҳсос кард, ки фарзандаш парешонхотир асту ба фикрҳои худ фурӯ рафтааст.

- “Ба ту чӣ шуд бачам? Чаро парешонҳолӣ?” – пурсид модар.

- “Бисёр кори хуб мекунӣ, ки хабаргирии бобоят меравӣ» - хурсандона гуфт модар ва даррав дуто нони гармро, ки аз танӯр меканд ба руймол баста ба Азизҷон дода:

- “Ҳеч гап не модарҷон, хавотир нашав” - гӯён Азиҷон ба ҳуҷраи худ даромад. Дере нагузашта назди модараш омада гуфт, ки ба хабаргирии бобояш меравад.


- “Ба бобоят саломи маро расон” – гуфт .

Бобои Азизҷон аз куҳансолони баобрӯи шаҳри Хуҷанд, муаллими пешқадам ва ботаҷриба, олими донишманду шахси дурандеш, маслиҳатгари авлоду маҳаллаи калонтарини Хуҷандшаҳр – “Кӯпуруки баланд” мебошанд.


Ҳоло нафақахӯри сазовор асту таҷрибаи ғании кору ҳаётро ба набераву шогирдони зиёдаш меомӯзонад ва дар вақтҳои холигиаш бошад фикру андешаҳояшро рӯи қоғаз меоварад. Ба ҳар корафтода маслиҳатҳои муфид ва ба дилшикастагону дармондагон роҳи наҷот нишон медиҳад ва бо чунин хислату рафтораш дар байни мардум шӯҳрат ёфта буд, ки ӯро бо эҳтиром «Бобо Камол», яъне ба камолот расида, меномиданд.



Наздикии аср буд, ки Азизҷон вориди ҳуҷраи бобояш шуда:

«Ассалому алайкум бобоҷон» - гӯён бобояшро ба оғӯш гирифт.


«Модарам ба шумо салом гуфта нони гарм фиристодан». Азизҷон ба курсие, ки бобояш ишора карданд нишаст.


“Бале бобо хамма нағз ҳастанд” – гуфта назари Азизҷон ба китобҳои нави рӯйи миз афтод. Чун ҳамеша хонаи бобо озода, тозаву басар, китобҳои зиёди дарсиву бадеӣ, илмиву фарҳангӣ дар ҷевон батартиб саф кашида ҳар яке ҷойи худро ишғол карда буд. Азизҷон, ки китобхониро дӯст медошт ва ба китобҳои рангоранги ҷевон нигариста ҳавас мекард:- “Ман ҳам тамоми китобҳои бобоямро хонда мисли вай бомаърифату кордон мешавам”.


- “Бобоҷон имрӯз як ҳодисае дар мактаб руй дод, ки маро ба ташвиш овард ва хостам аз Шумо маслиҳат пурсам то ба ин масъала равшанӣ андозед” – ва илова кард:

«Ваалайкум ассалом ҷони бобо» - гуфт бобо ва аз пешонии наберааш бусид.


Раҳмат ҷони бобо, модарат фатирҳои бомазза мепазад, илоҳо дастонаш дардро набинанд, саломатии модарат ва аҳли хона нағз хастанд мӣ?



“Ҷони бобо кадом китобро ин дафъа интихоб намудӣ, ки бихонӣ?” - муроҷиат намуд ба Аизҷон ва бо диққат ба ӯ назар мекард. Гуё аз парешонхотирии наберааш пай бурда буд. Бинобар ин илова намуд:



“Мебинам, ки туро кадом масъалае ба ташвиш овардааст ва дар ҷустуҷӯи ҳалли кадом муаммое ҳастӣ?” “Бобо Камол” ва бо нигоҳи пур аз меҳру муҳаббат ба набераш менигарист.Азизҷон баумед ба бобояш нигаристу лаб ба сухан боз намуда гуфт:




“Синфи ман чӣ тавре, ки медонед бобоҷон, синфи таҳсилоти русизабон аст ва дар он аксари талабагон тоҷик ва шаш нафар аз миллатҳои гунногун русу тотору украинҳо ҳастанд. Аслан мо ҳама дӯсту рафиқ ҳастем ва якдигарро хеле иззат менамоем. Вале имрӯз байни Олегу Абдулло баҳс шуд, ки оқибат ба муноқиша оварда расонид.


Абдулло ҳамсинфам, шумо падарашро медонед, ҳоҷӣ Абдусамад аз маҳаллаи “Заргарон”, дар сӯҳбат бо Олег дар мавзӯи дин ва имон баҳсу мунозира рӯй дод , ки аксари хонандагон аз он воқиф шуданд.


“Олег миллаташ рус, - бобоҷон, ва ӯ зодаи шаҳри Хуҷанд мебошад. Падару модараш низ дар Хуҷанд таваллуд шуданд ва аз урфу одат ва зисту зиндагонии мо - тоҷикон бохабаранд. Ба ғайр аз ин бо забони тоҷикӣ гап зада ҳам метавонад”.

Воқеа чунин шуд, - сухани худро идома дода гуфт Азизҷон:

- Ҳамсинфам, Абдулло дар рафти баҳс, ки пас аз дарси “Таърихи динҳо” байни мо ба миён омада буд, дуруштсуханона ба тарафи ба дӯстони ғайри тоҷик рӯй оварда гуфт:

- “Ислом – ин дини мусулмонон ва дини беҳтарин аст. Ҳар нафар бояд исломро қабул намоянд ва бо қоидаҳои он, ки дар “Куръон”-у “Ҳадисҳо” омадааст, зиндагӣ кунанд.

Олег ва Александр, ки оилаи насронӣ ҳастанд бо гуфтаҳои Абдулло розӣ нашуданд ва дини худ, яъне дини Масеҳиро таъриф карданд. Суханони Александр дар Исои Масеҳ ва таълимоти ӯ дар китоби Инҷил ба аксарияти духтарону бачаҳои синф маъкул нашуд.

Мисли бозор ғалоғулӣ байни ҳамсинфон баланд шуд ва ҳар нафар мехост далели худро ҳамчун ҳақиқати мутлақ ҳимоя намояд. Овозҳо аз ҳар тарафи синф баланд мешуду билохира ба ду гурӯҳ тақсим шудем. Мо аксарият мусулмонон, аз як тараф ва шаш нафари дигар насрониён аз тарафи дигар.

Роҳбари синфамон Мамадҷонова аз ҳодиса бохабар шуда зуд ба синфхона омаданд. Моро сарзаниш карданду гуфтанд, ки оиди ин масъала соати тарбиявӣ бо иштироки падару модарон баргузор мекунем.

Ана ҳамин ҳодиса маро ба ташвиш овардааст бобоҷон, - давом дод суханашро Азизҷон. Суханҳои дилхароши ҳамсинфон то ҳол дар гӯшам садо медиҳанд ва ҷустуҷӯи ҷавобҳо ба ин саволҳо маро назди Шумо овард.
Ислом ба зоти худ надорад айбе,
Ҳар айбе, ки ҳаст дар мусалмонии мост.

Дар дини Ислом "ҷудоиандозӣ" маҳкум карда шудааст. Агар мо ҳақиқати Исломро гирифта аз рӯи он амал кунем, Ислом - ин одоб, ахлоқ, некӣ, иззату эҳтиром аст. Масалан ҷавоне, ки аз дин хабар надошта, аз номи дин сухан мекунад вай нодуруст аст. Дини Ислом дини муборак аст, ки ҳамаи динҳоро эҳтиром мекунад.

Ҳоҷи Ҳусайн Мӯсозода
Раиси Шӯрои Уламои дин дар вилояти Суғд

“Бобо Камол” бодиққат суханони набераашро гӯш андохта гуфт:

Барои равшанӣ андохтан ба ин масъала пеш аз ҳама бояд ба чанд савол ҷавоб диҳем. Чунки посух ба ин саволҳо мисли калид дарҳои бастаро пеши назарамон боз хоҳанд кард. Пеш аз ҳама мекӯшем, то ки ба саволи “ман кистам?” чавоб диҳем.

- Азизҷон бигӯ ки ту кистӣ?
Азизҷон беихтиёр номашро ба забон гирифт.
Бобо бо табассум аз пешониаш бӯсиду гуфт:
- Азизҷон - ин номи туст, ки баъд аз таваллуд ба ту додаанд .

Азизҷон чанд лаҳза ба чеҳраи кушоду табассумомези бобояш менигаристу чизе гуфта наметавонист. Сипас базудди худро ба даст гирифту гуфт, ки охир ман набераи шумо, писари падару модарам, тоҷикам, хонандаи мактабам, акаи хоҳараки ширинакам, дӯсти наздики Рустамҷони хамсинфам ҳастам.

Бобо бодиққат ва босаброна ҳама ин гуфтаҳоро гӯш карда гуфт:
- Метавон гуфт, ки тоҷик ҳастӣ, писарбача, мактаббача, фарзанд ё набера, бародар ва ғайра, аммо ин ҳама сифатҳое хоҳанд буд, ки дар куҷо таваллуд шудаӣ, бо чӣ кор машғул бадани ту ва аз авлоди кӣ буданатонро нишон медиҳанд. Хамин тавр нест магар?

Бобо бо нигоҳи саволомез ба наберааш менигарист. Азизчон ба андеша ғӯтида худ ба худ мегуфт: “То ҳамин рӯз ман дар ин бора фикр накардаам, танҳо қабул доштам, ки ман Азиз ҳастам ва ин барои ман басанда буд, ки худро шиносам. Аммо ин саволи бобоям то андозае маро бедор намуд. Шавқи худомӯзиро дар вуҷудам бедор кард. Дар ҳақиқат: - “Ман кистам?”
Ҷустуҷӯи ҷавоб ба ин савол сабаби ба миён омадани чанд саволи дигар, аз қабили “Пас дигарон кистанд?”, “Ман барои дигарон кистам?” гардид.
Аз афташ, бобо ошуфтагии Азизчонро аз авзояш пай бурда, кӯшид то ки ба ин ноҳинчории наберааш хотима бахшад ва гуфт:
- Дидӣ, ширини бобо, на ҳама чиз дар ин дунё саҳл асту рӯякӣ. Вале ман хеле шодам, ки ҳоло дар бораи чунин масъалаҳо ҳарф мезанем, зеро баъзе одамон, ки нисфи умри худ ва хатто аз нисф зиёди онро пушти сар кардаанд ин саволро назди худ намегузоранд.


Азизҷонам медонӣ, ки олиму фозилони зиёд аз замонҳои қадим ба ин савол ҷавоб ҷустуҷӯ мекунанд ва ҳар кадоме ба таври худ посух додаву дар ин мавзӯъ китобҳо навиштаву ба мо меърос гузоштаанд.

Биё набераи доноякам аз гуфтаҳои эшон истифода барему ақидаҳои онҳоро ҷамъбаст намоем, то ки ба саволҳоямон ҷавоб пайдо намоем...

Аз навиштаҳои файласуфони зиёд маълум мешавад, ки ҳар кӯдаки ба олами ҳастӣ меомада – ин инсоне ҳаст, ки Худованд меофарад. Азбаски Худо ҳамаи одамонро офаридааст, пас байни ту ва дигарон ҳеҷ тафовуте, яъне фаркияте буда наметавонад. Дигарон низ ду даст, ду по, дил ва сар доранд ва фарқияти ҷисмонӣ байни одамон вуҷуд надорад.

Муҳим нест, ки шумо дар куҷо таваллуд шудеду зиндагӣ мекунед, хоҳ дар Африқо ё Аврупо, хоҳ дар Амрико ё Австралиё ва ё дар Тоҷикистон. Як мисол аз ашъори ниёгон бароят ёдовар мешавам, - набераи бобо.

Ҳанӯз чанд садсолаҳо пеш Саъдии Шерозии ширинкалом шоҳбайте гуфта буд, ки он дар пештоқи даромадгоҳи бинои

Созмони Милали Муттаҳид бо оби тиллоӣ навишта шудааст:

Бани одами аъзои якдигарнд,

Ки дар офариниш зи як гавҳаранд...

Саъди Шерозӣ
Шоири классикии форсу-тоҷик
Суханҳои бобояш Азизҷонро ба шӯр оварда дар вуҷудаш саволу хитобҳои дигарро пайдо намуд. Барои ҳамин руй ба бобо оварду гуфт:

- Бобочон, охир чӣ гуна фарқият вуҷуд надорад? Имрӯз Олег гуфт, ки онҳо дар як ҳафта танхо як маротиба, яъне рӯзи якшанбе намоз мехонанд ва ин дуруст аст. Абдулло бошад ба вай дар посух гуфт, ки бояд 5 маротиба дар як руз намоз бихонӣ ва ин фарз аст.

“Бобо Камол”-и пуртаҷриба ва оламу одамдида бо таҳаммул ва оромӣ суханашро идома дода гуфт:
- Мо ҳама фарзандони ду нафари аввал – Одам атову Момо ҳаво ҳастем, - дуруст аст набераҷонам. Азизҷон бо сар ишораи розигӣ кард. Фаромӯш накун Азизчон, - суханашро идома дод ӯ, ки мо мусулмонем. Ҳар нафар худ исломро қабул намуда қонунҳои онро пазируфтаем, ки “шариат” ном дорад ва аз рӯи ин қонунҳо зиндагӣ мекунем.

Интихоби ин ё он дин ҳуқуқи ҷудонашавандаи ҳар як инсони рӯи олам аст. Аммо фаромӯш накун, ки ҳамаи динҳои ҷаҳонӣ ба як шиори умумӣ такъя мекунанд, яъне “инсон ба Худои якто имон оварад ва бо анҷом додани корҳои нек ва даст кашидан аз аъмоли бад зиндагӣ кунад”. Бо ибораи дигар аз бадие, ки ба ту ва дигарон зарар мерасонад бипарҳезад.
Ҳар як қавму миллат дини худро дорад. Динҳо аслан як ҳадаф доранд, ки ин ҳам бошад шинохти Ҳолиқи худ ва тарбияи мардум аст. Фарқи дину равияҳои гуногуни олам дар шариат, яъне қонунгузориашон ҳаст, ки он дар ибодату дар ақида зоҳир мегардад. Охирин нуқтаи динҳо - ин Худошиносӣ аст.
Ҳоҷи Ҳусайн Мӯсозода, Раиси Шӯрои уламои дин, дар вилояти Суғд
Аз ин рӯ, одамоне, ки тибқи талаботҳои динҳои дигар зиндагӣ мекунанд, ҳамон одамоне ҳастанд, ки мо ҳастем. Мисли мо онҳо мекӯшанд, ки бо роҳи некӣ ва парҳез аз бадӣ зиндагӣ кунанд. Наберачонам бифаҳм, ки сарчашмаи ҳама динҳо ин таълимотест, ки Худованди Мутаъол ба ҳамаи мо ато кардааст, то ки ҳар нафар онро пайгирӣ кунад. Дини Ислом моро даъват мекунад, ки ба ҳама одамон, новобаста аз он ки ба кадом дин эътиқод доранд, эҳтиромона муносибат намоем.
Акнун биё сари гуфтаҳоямон як андеша кунем. Ба фикрам ҳодисае, ки дар мактаб руй дод ва суханҳои зикргардида пайдарҳамии конунҳои муайяне ба чашм мехурад, ки мо бояд моҳияти онро дарк кунем.
Мехоҳам, набераҷони азиз, ин ҷумларо бароят осонтар карда фаҳмонам. Акнун бигӯ Азизҷон ту ҳар саҳар чӣ тавр ба мактаб мерасӣ?
Дар ҷавоб гуфт, ки падарам соати ҳафтуним маро бо мошинаи сабукрав бурда мерасонад.
- Хайр, давом дод бобо. Ҳангоми сафар вақте, ки чароғаки роҳ сурх шуд чаро падарат мошинро боз медорад?


Дар ҷавоб гуфт, ки зимни омӯзиши қоидаҳои роҳгардӣ талаботҳои қонуни ҳаракат дар роҳҳои мошингардро ба мо меомӯзонданд ва танҳо ҳангоми сабз шудани чароғак мошин рондан мумкин аст.
Дуруст, - суханашро давом дод бобо. Акнун тасаввур кун, ки чароғаки роҳ ва қоидаҳои роҳгардӣ намебуд. Дар роҳҳо бисьёр фалокатҳо руй медоданд, мошинҳо ба ҳам бар мехӯрданд ва ин кори одамонро хеле душвор мегардонд, ҳамин хел не?

Албатта, ҳамин хел - ҷавоб дод Азизчон.


Ғаффорова Умеда Абдуллоевна
Профессор, доктори илмҳои филологӣ, шарқшинос-филолог
Ин ҷо як чиро қайд кардан лозим аст, ки ҳар як дин маҳз худро дини ягонаву ҳақ мешуморад. Ислом бошад дин гуфта маҳз худи Исломро дар назар дорад. Чононе, ки дар Қуръони маҷид омадааст - "Инна дина индаллоҳил исламу" - Ба ҳар ҳол дин дар назди Худо дини Ислом аст.
Бубин ҷони бобо, барои одамон бо ҳам зиндагӣ кардан қоидаҳо ва қонунҳои муайян лозиманд. Ҳатто дар мактаби шумо қоидаҳои рафтор тартиб дода шудааст, дар вақти муайян сари мизи худ менишинед, бо мӯҳлати муайян таҳсил мекунед, менависед ва вазифаи хонагии худро иҷро мекунед. Ҳамаи ин тартибу қоидаҳои мактабӣ мебошанд.

На танҳо дар мактаби шумо балки давлати Тоҷикистон низ қоидаҳои худро дорад, ки онҳоро “қонун” меноманд. Яке аз асоситарини онҳо ин Сарқонун аст ва дар он омадааст, ки ҳар шаҳрванд, яъне ману ту, Олегу Александр, Рустаму Абдулло ва дигарон дар ин интихоб ва пайравии дин озод ҳастанд.


Поёни сӯҳбат дар чеҳраи Азизҷон табассум ва каноатмандӣ аз фаҳмиши возеҳи масъала таҷҷалӣ мегардид ва бо тамоми вуҷудаш ба бобои ҳамадону пуртаҷриба миннатдории самимӣ баён мекард.

Танҳо имон - Инсонро муттаҳид мекунад.
Семён Людвигович Франк
Файласуф, мутафаккир ва равоншиноси рус
This site was made on Tilda — a website builder that helps to create a website without any code
Create a website