Духтараке, ки қазову қадарро тағйир дод...
“Зебоӣ оламро наҷот хоҳад дод”
Ман, Давлатов Нозир (номи қаҳрамонҳо тағйир дода шудаанд), он замон дар шӯъбаи мактубҳои ҳукумати вилояти Суғд кор мекардам. Рӯзе духтраки ҷавон вориди утоқи кориам шуд, ки зоҳиран 16-17 сола менамуд. Дертар маълум шуд, ки ҳамагӣ 14 сол дорад ва асари пирӣ дар чеҳрааш ин нишони зарбаҳои ҳаёт будааст. Лаб ба сухан накушода алакай ашк аз чашмонаш шаш қатор мерехт ва ҳарфҳоро бо оби дида фурӯ бурда - фурӯ бурда аз балоҳои болои сараш омада нақл мекард. Маълум шуд, ки Жасмин ном дорад, ба тоҷикӣ Ёсуман. Ба хотири он ки модраш рус асту падараш тоҷик чунин номро интихоб кардаанд, то ки ҳам дар забони русӣ ва ҳам дар забони тоҷикӣ ҳамрадиф дошта бошад. Кӯдакиаш, ки ба солҳои ахири давраи Шӯравӣ рост меомад то андозае хубу хотирмон гузаштааст. Падараш дар яке аз заводҳои калони Хуҷанд, он замон шаҳри Ленинобод, ки “Торгмаш” ном дошт ба ҳайси кофшергар кор мекард. Маоши хуб мегирифт ва барои зиндагии серу пур мерасид. Жасмин ба ёд меорад, ки падараш аз ҳамон замонҳо баъзан баъди кор маст шуда меомад ва модару модаркалонаш бо як азоб ӯро ором намуда ба хона медароварданд.
“Зебоипарастӣ ӯро аз оғӯши шайтон наҷот дод!”.
Ба гӯши гурусна ҳатто овози булбул намефорад!
Иоганн Вольфганг Гете
Ҷуброн Халил Ҷуброн
Виктор Мари Гюго