- Ахлоқ. Роҳи ман ба худ ва дигарон. Ҳар яки мо аз кӯдакӣ бармеоем. Ман барои рафторам ҷавобгӯ ҳастам.Таҳаммулгароӣ ва муносибатҳои байни миллатҳо.

“Айб намон ба хешат, давида ояд ба пешат.

Ё аз мост, ки бар мост”.

Халқ.

Бумеранг...
Ё дуои модар мустаҷоб аст.
Ин воқеаи аҷибро аз имомхатиби масҷиди маҳаллаи Заргарони шаҳри Хуҷанд шунидаам, ки ба фикарам хеле ҷолибу ибратбахш аст. Гӯш андоз хонандаи ҷавони ман аз ҳодисаи мазкур ва бароят хулоса барор. Номи қаҳрамонҳо, ки имрӯз дар ҳаётанд иваз карда шудааст.Дар замонҳои қадим мардуми Австралия барои шикор яроқи махсус бо номи “бумеранг” истифода мекарданд ва он як хусусияти хос дошт, ки маҷозан ба ҳикояи мо алоқаманд аст. Яъне, ҳангоми ба сӯи сайд ҳаво додани “бумеранг” ҳатман назди соҳибаш бар мегардид.
Муносибатҳои байни одамон ба бумеранг монанданд - паём ҳамеша ба соҳиби он бармегардад.
Игор Субботин
шоир
Ҳанӯз солҳои 50-ӯми асри гузашта дар маҳаллае, ки боло зикраш намудем оилае ба сар мебурд, ки дар он Савринисо ном модари камбағал се фарзандро бе шавҳар ба воя мерасонд. Аксари мардум баъд аз ҷанги бузурги ватанӣ, ки панҷ сол давом карда буд хеле фақирона мезистанд. Зани бечора бо дӯзандагиву йӯрмазанӣ (услуби гулдузӣ ва кашидадӯзии гиреҳ андар гиреҳ) шабу рӯз меҳнат карда сӯзаниву ҷойи намоз медӯхт, то ки фарзандонаш гурусна намонанду соҳиби илм шаванд. Фарзанди калониаш Давронҷон писараки закӣ ва ба хондан хеле шавқ дошт, вале писари хурдиаш, Камолҷон бошад ба қавли худи Савринисо “ҳушаш ба кӯчаю парвои хонданро надошт”. Бисёр модарашро зиқ мекардад. Тез тез аз хона ғайб зада бо “хулиганҳои” шаҳр ошно шуда буд. Гапи модарашро тамоман гӯш намекард. Солҳо аз байн мегузаштанд.

Баъд аз хатми мактаби миёна Давронҷон азми идомаи хонданро намуда ба шаҳри Душанбе меравад ва ба Донишгоҳи ба номи В.И. Ленин ба факултети иқтисодӣ дохил мешавад. Ҳамзамон Камолҷон синфи 9-ро хатм намуда, ба як ҷавони қадбланду ба қавли хуҷандиҳо ба марди “чорқира” ва ба чашм намоён табдил ёфта, акнун тамоман насиҳатҳои модрашро қадр намекардагӣ шуда буд. Ба сухани касе эътибор намедод ва гуфтаи худро мекард. Рӯзе ба модараш гуфт, ки: - “мактабро тарк намудам ва ба Степанамаки “эксковарторчӣ” шогирд шудам”. Ба гиряву зораҳои модараш, ки ҳадди ақал мактабро хатм намуда соҳиби касб шавад, гӯш намеандохт ва хости худашро кард. Аз байн се сол гузашт. Камолҷон қариб хона намеомад. Майнӯширо ёд гирифта, қариб ҳар рӯз бадмастӣ мекард.

Сарвинисо як рӯзи тирамоҳӣ пас аз хондани намози бомдод ба гӯсфанчаҳояш нигоҳубин мекард, ки Камолҷон вориди ҳавлӣ шуду гуфт: - “Бува ман ҳарбӣ меравам”. Модар ба шунидани ин суханон бемайлон дар ҷояш нишаста монду чанд дақиқа намедонист чӣ гӯяд. Пас аз чанд лаҳза ба худ омада гуфт: “Хайр бачаҷонам. Бисёр ҷавонон хизмати ватанро ба ҷо меоранд. Дар он ҷо дар дарси ҳаёт меомӯзанд. Қадру қиммати оила ва модарро мефаҳмидагӣ мешаванд.Ту ҳам Иншоаллоҳ бо сари баланд бармегардӣ”.

Бумеранг парвоз кард, аммо ваъда дод, ки бармегардад.


Виктор Губарев
нависанда, публицист ва муаррих.
Бо ёфти бечорагиаш ҳамон бегоҳ дастархони зиёфат барои дӯстону хешовандон ороста саҳарии рӯзи дигар Камолҷонро дар истгоҳи роҳи оҳани ноҳияи Хуҷанд (имруза Б.Ғафуров) ба хизмати ҳарбӣ гусел намуданд. Хизмат он солҳо се сола буд. Камолҷон дар шаҳри Арзамаси Руссия дар “баталёни сохтмонӣ” ба ҳайси эксковаторчӣ хизмат мекард.
Дар ин байн Давронҷон донишгоҳро хатм намуда, тибқи тақсимоти давлатӣ ба вазифаи сардори филиали бонки давлатии ноҳияи Совет таин гардид. Байни кормандони бонк тез соҳиби обрӯ шуд ва кораш ба худаш низ хеле маъқул буд. Вале модараш, ки чанде пеш хоҳари ягонааш, Муқаддасро ба шавҳар дода буд танҳоӣ мекашид ва ӯро зора мекард, ки ба хона баргардад.
Рӯзе баъд аз се соли хизмати ҳарбӣ Камолҷон ба Хуҷанд баргашта бо зани малламӯе вориди хона шуд ва тарафи модараш, ки бо чашмони пур аз меҳру оби дида ӯро ба оғӯш гирифта буд, мегӯяд: - “Бува ин келинат Аня”. Савринисо аз шунидани ин суханҳо қариб буд ҳуш аз сараш равад ва гӯё пойҳояш мисли латта мулоиму ӯро тамоман гӯш намекарданд, дар ҷояш шах шуда монд. Намедонист чӣ кор кунад,сарашро ба куҷо занад. Оҳиста-оҳиста ба худ омада ба ҷигарбандаш гуфт: -“Хайр хона дароетон. Он тарафашро Худо медонад”. Бегоҳи ҳамон рӯз ба почтаи марказӣ рафта ба писари калониаш телеграмма бо матни “тез бар гардад, ки ман беморам” фиристонд ва аз онҷо рост назди додараш - Абдурауф, ки дар Донишгоҳи педагогии шаҳри Хуҷанд кор мекард рафт. Хайрият, ки додараш дар хонааш буд ва Савриносо бо чашмони гирён ҳодисаро ба ӯ нақл намуда дар охир гуфт: -“Додарҷон дилам кафам мегуфт ва ҳоло холӣ шуду ман камтар ҳам бошад ором шудам. Чӣ маслиҳат медиҳӣ? Намедонам додамро ба кӣ гӯяму илоҷи воқеа ҷӯям?”.

Абдурауф, шахси ҷаҳондида ва иштирокҷии ҷанг бо таҳаммул хоҳарашро таскин дода гуфт, ки –“Кори мешудагӣ шуд, дигар роҳи бозгашт нест. Албатта фикр мекунем ва роҳи ҳаллашро пайдо хоҳем кард”.
Бо маслиҳати бародари оқилаш ва пирони маҳалла Савринисо дар ҳузури домуллои маҳалла бо розигии Аня (Антонина) аввал ӯро ба ислом қабул намуда баъдан бо Камолҷон никоҳ намуданд. Тӯйи арусӣ бо иштироки хешовандону дӯстони домод дар саҳни ҳавлиашон баргузор гардид.
Сарвинисо келини русашро бо тамоми вуҷудаш қабул намуда нозукиҳои зиндагиро ёд медод. Таҳаммулпазирии модари мушфиқ натиҷаҳои худро медоданд. Аня баъд аз чанд сол дар танӯр нонпчаспонӣ ва дар оташдон ошпазиро чунон азхуд карда буд, ки аз оши палави баъзе занҳои маҳаллӣ бомаззатару хушхуртар буд. Солҳо аз байн гузаштанд. Аня, ки акнун бисёриҳо ҳамчун Анисахола мешинохтагӣ шуданд ба як зани баобрӯи намозхони маҳаллаи Заргарон табдил ёфта буд.

Писари калонӣ, Даврон бо хоҳиши модар ба Хуҷанд баргашта омад ва дар “Госбанки вилоятӣ” фаъолият мекард. Ду оила, ки ҳоло соҳиби фарзандҳо шуда буданд дар ҳавлии калони аз падарашон меърос монда зиндагӣ мекарданд. Хурсандии Сарвинисо аз набераҳои зиёд ҳадду канор надошт. Фақат як чиз азобу азияташ медод. Яъне Камолҷон майнӯширо напартофта, баракс аксари рӯзҳо масту аласт ва ҳамеша бо табиати ҷангҷӯёна ба хона бармегашт.

Рӯзе, дурустараш бегоҳие ман шоҳиди чунин саҳна шудам. Мисли пештара Камолҷон аз кор маст ба хона баргашт ва аз ҳарвақта дида бештар ғазаболуду хашмгин буд. Линчаи латтагини таги пояш пайдо гардидаро оташ зада ба тарафи модараш доду фиғон мекард: - “Ман хонаро оташ мезанам. Чаро бачаҳои ман барои ту набера нею бачаҳои писари пулдорат бароят азиз?! Барои ту бачаҳои ман урус мӣ?”


Ба суханони модар, ки мегуфт? – “Хато мекунӣ бачам, барои ман ҳар яки онҳо ҷигарбанд ҳастанду мағзи донак. Ҳамаи онҳоро мисли ҷонамдӯст медорам...”, эътибор намедоду боз ҳам баланд наъра мекашид: - “Туро ҳам мекушам, худамро ҳам оташ мезанам!” Аз тарси ҷонаш модари мисли мусичаи таги борон монда меларзиду дуо мекард: -“Худоҷонам ин бачамро умри дароз, тани сиҳат деҳ, давлату савлат деҳ, вале ҳар чӣ бароям кард аз фарзандонаш бинад”. Такрор ба такрор ин дуоро беихтиёр лабонаш зам-зама мекарданд.

Аз ҳад зиёд нагузаред, дар хотир доред, ки Шумо бумерангро ихтироъ накардаед. Ӯ қонунҳои худро дорад, ки новобаста аз тахту, на мартаба мебошад ...
— Владимир Петрович Кушляев
Тақрибан панҷ сол пас Савринисо бо дили ғамгин ин дуёро тарк намуд. Камолҷон ҳамоно арақхӯриро давом медод. Акнун бештар ба завҷааш ва фарзандонаш дар ҳолати мастӣ дар меафтод. Писари калониаш, Зафар мисли даврони ҷавонии падараш ба ҷавони қадбаланду паҳлавон табдил ёфта, дар пайравии насиҳатҳои модараш намозхону баимон гардида буд.
Як шаб мисли ҳарвақта Камолҷон дар ҳолати бадмастӣ ба сари занаш корд мекашад ва ҷони ӯ қасд мекунад. Зафар аз ин бохабар шуда давон-давон назди модараш меравад ва кордро аз дасти падар гирифта, худашро ба дарахти себи миёни ҳавлӣ занҷирбанд кард ва то дами офтобро, ки Камолҷон оҳиста ҳушёр шуда ба зораву тавалло даромада буд, нигоҳ медорад.

Дар ин лаҳза ба ёди Камолҷони шастсола дуои модараш: -“Аз фарзандонат бин...” ақлашро месӯзонд. Дар аввали ҳикоя аз яроқи аборигенҳои Австарлия “бумеранг” ёдовар шуда будам ва дар интиҳо тасдиқи хосияти онро, ки ҳаёти ин оила мебинем. Бо ибораи дигар, “гандум корӣ, гандум мерӯяд ва агар ҷав, ҷав мегирӣ”.

Бадхоҳи касон ба ҳеч мақсад нарасад,
Як бад накунад, ки бо сараш сад нарасад.
Ман неки ту хоҳаму тухоҳи бади ман,
Ту нек набиниву ба ман бад нарасад.
Умари Хайём
шоир ва файласуфи форсу тоҷик
This site was made on Tilda — a website builder that helps to create a website without any code
Create a website