«Қобилияти гӯш андохтан ва шунидан».
“Ҳамдардӣ. Эмпатия/ Ҳамдардии самимӣ ба атрофиён/ Эмпатия дар амал”
Духтари дилшикаста...
Ё қиссаи ҳамдардии ҳамсабақон.
Падараш зодаи шаҳри Истаравшан ва дар Хуҷанд қариб, ки хешу табор надошт. Мадараш рус, ки дар вақташ бар хилофи ризоияти волидайн издивоҷ карда буданд. Бинобар ин ба ӯ меъросе ё пасандозе боқӣ намонда буд.
Қиссаи кӯтоҳ бори вазнини зиндагӣ болои китфони ин духтараки навҷавон ва ба нигоҳи аввал хеле нозук бор шуда буд. Зимни сӯҳбат мавқеи устувор ва нигоҳи некбинона ба зингдагӣ, ки аз суханони Марям садо медод ба муаллимону сардор хеле писанд омад. Дар ҷаласаи навбатии Шӯрои муаллимони дабистон қарор карданд, ки ӯро ройгон касб меомӯзонад.