“Ҳа омадӣ, - гуфта калонсолтаре байни онҳо бо лаҳни узбекӣ, моро ба нишастан ишора намуд ва ба ҳозирон муроҷиат карда гуфт: - Ҷамолиддин аъзои навро ба фирқаи мо овардааст. Шинос шаветон ин Комилҷон, шахси ботақво”.
Аз байн чанд моҳ гузашта буд. Оғоз аз ҳамон рӯз Комилҷонро гӯё иваз карда бошанд тамоман тағйир ёфта буд. Пурра ба фикру хаёли худ ғӯтида, парвои дунёро надошт. На ба худ эътибор медодагӣ шуду на ба аҳли оилааш. Ба саволҳои завҷаю модараш ё бо хомӯшӣ ва ё дағалона ҷавоб медодагӣ шуда буд. Масалан, ба даъвоҳои занаш, ки: - “ба фарзандонатон нигоҳ намекунед ва ҳатто ба модаратон низ гӯш намеандозед?!”, - ҷавоб медод: “Худо онҳоро ҳаст кардааст ва ризқашонро ҳам медиҳад”. Ба писаронаш сахт мерасидагӣ шуда буд. Аз онҳо талаби иҷрои гӯё шариатро мекарду ба илтиҷои завҷааш, ки ин рафторҳо ба урфу одати хуҷандиён рост намеояд эътибор намедод. Духтарҷаи ба балоғат нарасидаашпро маҷбур сохт, ки аврати ғайри маъмули тоҷикона, яъне сип-сиёҳ пӯшад. Фарзандонаш агар розӣ намешашуданд сарзанишу ҳатто саркӯб мекард. Зораҳои модари бистариаш, ки дар дами марг буд гӯш намеандохт.