Илоҷи воқеаъ пеш аз вуқуъ...

Ё ҳодисае, ки ҳаёти маро ба куллӣ тағйир дод

“Худбаҳогузорӣ”

Ман бо чашми дигарон. Хислатҳои мусбӣ ва манфии ман аз назари берун. Чи гуна камбудиро ба муваффақият табдил дод?

Ҳикояи ҷавоне бо номи Акмал (иваз шудааст)

аз маҳаллаи Чашмаи арзанаи шаҳри Хуҷанд

Ман, Саидов Акмал, донишҷӯи соли дуюми Донишгоҳи технологии Тоҷикистон ба номи Муҳаммад Осимӣ ҳастам. Дар яке аз факултетҳои беҳтарини ин Донишҳгоҳ касби барномасози компутериро аз худ мекунам. Орзу дорам баъд аз хатми донишгоҳ гурӯҳи ҳамфикронро сарҷамъ намуда Ширкати барномасозонро ташкил намоям. Имрӯзҳо бо якчанд ташкилотҳои байналмилалӣ, ба монади USAID, GIZ, JAICA ҳамкорӣ карда истодаам. Ба оянда бо чашмони нек ва орзуҳои зиёд назар меандозам ва ҳатман муваффақ мешавам. Вале бо гузашти чандин сол хуб дарк кардам, ки имрӯзҳо метавонистам кӯчагарду бекор ва ҳатто дузду роҳзан шавам. Ҳодисаеро бароятон ҳикоя мекунам, ки ҳаёти маро куллан тағйир дод.
Инак, дӯсти ҷавони ман бояд бидонӣ, ки ман дар шароити душвор ба воя расидаам, гуфтан мумкин аст кӯдакиам дар камбағалӣ гузаштааст.
Ман дар кӯдакӣ фаъолу серҳаракат будам. Завқи футболро доштаму аксар вақт футбол бозӣ мекардам ва орзу доштам, ки оянда футболбози машҳур шавам, ҳамзамон хуб мехондам. Хусусан фанҳои дақиқ бароям хеле шавқовару ҷолиб буданд.

Ёд дорам, боре ҳамсинфам, Зариф бо либоси варзишии Зидан, бозингари тими миллии Фаронса ба футбол омад. Дар пойҳояш пойафзоли наве дошт, ки ба бустсиҳои футболбозони ҷаҳон хеле шабоҳат дошт. Ба ҳама ҳамсинфон либоси ӯ маъқул буду аз он чашм канда наметавонистанд. Ба дили ман низ алов андохт ва орузуҳои ширин маро паррон - паррон ба хона овард. Ба дари хона ворид шудаву нашуда ба модарам фарёд кардам, то ки ба ман ҳамон либосу “кроссовкаҳо” – ро бихарад. Модарам оромона гуфт:
- Даро бачам, либосҳоятро каш, дасту рӯятро тоза кун ва сари миз барои хӯрдани таом биё. Ман барои ту хӯроки нағз медидагиат “шӯлаи қоқдор” пухтаам.
Вале ман аз болои “аспи давон”-и ҷаҳл поён нарафта дубора гуфтам:
- Хой модарҷон, ту маро нафаҳмиди мӣ?! Вай Зариф имрӯз бо либоси фулболбози дӯстдоштарини ман Зайниддин Зидан ба бозӣ омад ва ман ҳам мехоҳам чунин либосу пойпӯши варзишӣ дошта бошам.

Ба "ОРЗУ" бовар кунед! Вай як хусусияти хубе дорад - амалӣ шудан.


Виталий Гиберт
эзотерик
Ин саволу ҷавоб дар пешгоҳи (коридор) хона анҷом меёфт. Модарам аз дастонам сумкаро бо либосҳои варзишӣ гирифта ба кунҷе монд ва ба ман нигоҳ карду гуфт:

- Акмалҷон ҳоло пули кофӣ надорем. Камтар тоқат кунӣ Худо хоҳад падарат пул мефиристанд, пас ҳатман онро харида медиҳам. Ҳоло бошад бо ҳамон либосе, ки дорӣ бозӣ карда ист.
- Ээээ... “Худо хоҳад” нагӯй. Ту худат намехоҳӣ, - гӯён фиғон бардоштам.
Суханҳои модарам ҳамон лаҳзаҳо мисли сатили оби хунуки болои сарам рехташуда маро карахт карданд. Ман аз модарам чунон хафа шуда будам, ки ба гуфтан рост намеояд, тайёр будам тарки хона кунам, равам дуздӣ кунам то ба мақсадам бирасам... Бале, зеро он вақт ман хому бисёр чизҳоро сарфаҳм намерафтам.
~
Дар ин байн чанд рӯз гузашт, вале хашмам ҳамоно зиёд мешуд, ки кам не... Як саҳаре, ҳангоми гусел ба мактаб модарам гуфт:
- Мехоҳӣ тезтар он либоси гуфтагиатро харида диҳам, пас худат метавонӣ маро кӯмак кунӣ.
Бо чашмони ҳайрон ба ӯ менигаристаму дар рӯям навишта шуда буд:
- “Чӣ гуна? Чӣ кор кунам?...”
Сухани маро интизор нашуда модарам сӯҳбаташро давом дода гуфт:
- Дирӯз ҳамсоя, акои Абдулло, ронандаи “маршрутка” (таксии хатсайр) аз ман пурсиданд, ки агар писаратон холӣ бошад баъд аз дарсҳо барои ҷамъ кардани ҳаққи роҳ аз мусофирон ба ман ёрӣ расонад. Маоши хуб ҳам ваъда доданд.

- Чи мегӯӣ писарам?
Тез розӣ шуда ба модарҷонам изҳори миннатдорӣ кардам. Ӯ дастам гирифта пеши амаки Абдулло, ки дар давраҳои Шӯравӣ Донишгоҳи политехникии шаҳри Душанберо бо ихтисоси сохмончӣ хатм намуда дар корхонаҳои сохтмонӣ ба ҳайси муҳандис, то сардори яке аз “СМУ”-ҳои (Идораи сохтмону васлкунӣ) вилояти Суғд кору фаъолят намудааст. Бо сабаби пош хӯрдани ташкилотҳои сохтмонӣ имрӯзҳо дар хатсайри “Чашмаи арзана – бозори Паҷшанбе” ронандагӣ мекунад. Одами баобрӯи маҳалла ва инсони ботамкину ботаҷриба аст, ки бисёриҳо наздаш барои маслиҳатпурсӣ меомаданд.
Баробари дидани ману модарам бо чеҳраи хандон салом гуфту аз модарам шухиомез пурсид:
- Ин писармон ду карат дуро медонад? Пул ҳисоб карда метавонад?
Модарам ба саломи ӯ алейк гуфта илова намуд:
- Акмалҷон аз фанни математика тамоми баҳояш панҷанд, амакҷонаш.
- Ҳа, ин хел бошад Худо хоҳад нағз кор мекунад дия, - тез ҷавоб гардонд, амаки Абдулло.
~
Худи ҳамон рӯз ман кор оғоз кардам. Вазифаи ман ҷамъ кардани пули мусофирон ва дар истгоҳҳо бо овози баланд даъват кардани онҳо ба мошин буд.Ҳафтаи аввал хеле фаъол ва бо шавқу завқ кор кардам ва ҳатто нафаҳмидан он чӣ қадар тез гузашт. Пеши назарам Зидан ва либоси ялаққосии ӯ тез тез пайдо мешуду худро дар мағозаи либосҳои варзишӣ ва сари харидории футболкаву нимшим, гетриву бутсӣ тасаввур мекардам.
Чӣ хеле мегӯянд бало аз таги по бармехезад, чунин бадбахтӣ рӯзе маро низ дучор гардид. Рӯзи кориам, ки аз соати дуи нисфирӯзӣ то даҳи шаб идома мекард нисф шуда буд. Яъне тақрибан соатҳои шаши бегоҳ чанд нафар ҳамсинфонам, ки аз консерти гурӯҳи “Иқбол” дар Маркази ҷавонон ба хона бар мегаштанд ба таксии хатсайри мо савор шуданд. Байни онҳо Муҳсин ном ҳамсинфам, ки маро ҳамеша масхара мекарду пеши дигарон изо медод низ буд. Ҷӯраи ҷониам “Мӯҳсин” баробари дидани ман, ки ҳамён дар гарданам кашол пай бурд, ки ман бо чӣ машғулам ва ба кори дӯстдоштааш, яъне масхаракунӣ сар кард:
- Ҳа ошноҷон бепул монди мӣ? Гадоӣ кунӣ беҳтар не мӣ? Мегуфтӣ мо ҷамъ карда медодем. То охири умрат билетфурӯш шуда мегарди дия! Ягон кори дуруст наёфти мӣ? Ҳама баробар ба ханда даромаданд. Пеши чашмонамро сиёҳӣ пахш карда буду гӯшҳоям махкам шуда чизеро намешуниданд. Худ хабар надоштам, ки чӣ гуна мисли паланг ҷаҳида болои сари Муҳсин худро паррондам ва мехостам ӯро лату кӯб кунам, ҷоғашро шиканам, то ки зунукашро гирад.
Аз хандаи аблаҳона чизи беақлтаре нест
Катулус Гай Валерий
Амаки Абдулло ин ҳодисаро пай бурда, мошинро дар канори роҳ манъ кард. Ҳамсинфонамро як ба як фуроварда Мӯҳсинро аз чанголи ман раҳо намуд ва аз гиребонаш беруни мошин кард. Чашмонам пури ашку ғазаб буданд. Дунё пеши назарам торик гашта чизеро сарфаҳм намерафтам. Ман аз ҳамсинфонам сахт хашмгин будам. Ба худ фикр мекардам, ки пагоҳ дар тамоми мактаб ин овозаву дарвоза мешавад.
Охир ман пеши Худо гуноҳ кардам ё аз онҳо бадтарам? Чаро ман наметавонам мисли онҳо вақт гузаронам, сархушӣ кунам? Ҳоло онҳо дар бораи ман чӣ фикр мекунанд? Оё ман гунаҳкорам, ки дар оилаи камбизоат таваллуд шудам? Чаро Парвардигор беадолатиро дар олам роҳ медиҳад? Хашму норозигиҳои зиёд мисли ғуввоси занбурхона даруни сарамро мекафонд ва лаҳзае ҳам маро ором намегузошт.
~
Амаки Абдулло ин аҳволи маро дида гуфт:
- Биё, писарам имрӯз хона рав. Пагоҳ сӯҳбат мекунем.
Рӯзи дагар ман ба мактаб нарафтам. Ба модарам гуфтам, ки бетобам. Нисфирӯз пеши амаки Абдулло равона шудам ва мехостам, ки аз ӯ узр пурсида корро бас кунам.
Дар истгоҳи “Чашмаи арзан”, ки охирон маҳсуб мешуд барои муоинаи мошинҳо чуқурии махсус омода карда шудааст. Вақте наздик шудам аз даруни ҳамон чуқурӣ амаки Абдулло маро дида, - гуфт:
- Ҳа, Тайсони ҷангара омади мӣ? Даруни хоначаи ронандаҳо даро, ман ҳозир меоям.
Пас аз чанде амаки Абдулло дастонашро пок карда вориди хоначаи ронандагон шуд. Аз чойники болои токчаи назди тиреза барояш як пиёла чой рехту пас аз он пурсид:
- Хайр нақл кун дина чӣ шуд? Он бачаҳо кӣ буданд? Чаро ин қадар фелу ғазаб кардӣ?
- Онҳо ҳамсинфонам ва барои бо шумо кор карданам маро масхара карданд. – ҷавобдодам.
Абдуллоамак пиёларо пеши даҳонаш бурда, аз чойи гарм қулт намуд ва ба ман бо диққат назар карду гуфт, ки: - “ягон кор шармандагӣ надорад. Ва байти адиби бузург «Беҳин корест андар зиндагонӣ накукорӣ ба кас роҳатрасонист»-ро мисол овард”.
- Бифаҳм писарҷонам, ки ҳар чизе одамон дар бораи ту мегӯянд, кӣ будани туро муайян намекунад. Билохира одамон аз рафтору натиҷаи корҳоят туро баҳо медиҳанд. Барои фаҳмидани он ки ту кори хуб ё бад мекунӣ, ба худ як савол деҳ: - “Он чизе, ки ман мекунам, ба одамон фоида меорад?”
Мана ман як кори оддӣ мекунам. Ронанда ҳастам, аз субҳ то шом одамонро мекашонам. Чӣ фикр дорӣ? Оё ин кори ман барои одамон муфид аст?
- Бале, - ҷавоб додам, ман. Зиндагии мардумро осон мекунед ва онҳо пиёда ба кор ё мактаб намераванд.
~
Боракалло, - гуфт амаки Абдулло. Дидӣ маро дуруст фахмидӣ. Албатта коре, ки интихоб мекунӣ ба табъи ту бояд хуш ояд. Ба ғайр аз ин, - суханашро идома дод ӯ ва гуфт: - ҳар як инсон дорои хислатҳои хуб ва бад аст. Ману ту низ. Ҳамсинфонат ҳоло хеле ҷавонанд ва бисёр чизҳоро намефаҳманд, чунки дар зиндагӣ дониш ҳасту таҷриба. Донишро омӯхтан мумкин аст, вале таҷриба аз шарту шароити зиндагӣ, пастиву баландиҳо, буду нобуди он дар натиҷаи пешпо хӯрдану ғалтидан, боз бархестану пеш рафтанҳо пайдо мешавад. Ана барои ҳамин мегӯянд, ки ба суханони калонсолон гӯш деҳ, ки таҷриба доранд. Акнун ақидаи маро нисбати худат гӯш кун бачам. Фикр мекунам, ки ту писари хуб ҳастӣ, зеро дар хона ба додаронат роҳнамоӣ мекунӣ, хуб мехонӣ, модаратро эҳтиром мекунӣ, кор мекунӣ ва маош мегирӣ.

Вале дар баробари ин бояд бигӯям, ки табиати тезу тунд доштаӣ, ки ба ягон кори хубе бурда намерасонад. Бесабаб нагуфтаанд, ки “аввал андеша баъд гуфтор”. Дар ҳаёт риоя кардани ин панд хеле мушкил аст. Бароят як роҳи осонро нишон медиҳам. Ҳатман ба ёд гир ва ҳангоми ғазаб онро иҷро кун. Маро падарам ёд дода буданд. Замоне, ки фелу ғазаб вуҷудатро фаро мегирад нӯги забонатро бигаз. Хандаовар метобад, вале бисёр муфид. Лаҳзае, ки забонро газидӣ, албатта дарднок аст, пас ба ёдат мерасад, ки бояд худдорӣ намоӣ. Ана ҳамин чанд сония ақли туро ба ҷояш бармегардонад. Чунки чӣ хеле падаронамон гуфта буданд: - “Сухани аз даҳон ва тири аз камон ҷастаро бар гардонида намешавад”.
~
Ба ғайр аз ин, Худованд нафарони дӯстодоштаашро месанҷад ва онҳоро имконият медиҳад. Гапҳои маро нағз фаҳмидӣ Акмалҷон?, - бо шиддат пурсид Абдуллоамак. Боқӣ аз ту вобастагӣ дорад, ки ояндаат чӣ гуна мешавад, дустараш аз интихоби ту...
Аз он рӯз бисьёр солҳо гузаштанд. Ман хонданро давом дода, кор ҳам кардам. Инчунин аз болои хислатҳои мусбии худ кор кардам, то ки онҳоро инкишоф диҳам, ҳамзамон хислатҳои манфиамро медонам ва мекӯшам, ки онҳоро кам кунам. Воқеан, мактабро бо аттестати аъло хатм кардам.

«Худо ба мо имтиҳонҳоро мефиристад, то ки мо онҳоро паси сар намуда, қувват гирем ва ноумед нашавем!»

Модар Тереза, роҳиби католикӣ
ХУЛОСА
Якум
Барои ҳар инсон зарур аст, ки ба гуфтору рафтори худ дар муқоиса бо дигарон тез –тез баҳои воқеӣ дода истад, таҳаммулу бардошро дар ботини худ тарбия намояд. Чунки дар тамоми динҳои ҷаҳон таҳаммулгароӣ дар маркази ахлоқи ҳамида қарор дорад. Ислом тарбия медиҳад, ки: - “Аллоҳ танҳо бо сабркунандангон ҳаст”, дини Насронӣ бошад ба пайравонаш талқин мекунад, ки: - “ Агар ба рӯят шаппотӣ заданд, пас тарафи дигарашро бидор” ва ё дар дини Буддоӣ гуфта мешавад, ки: - “дар «оташи ғазаб» чизи мусбати ҷамъшударо аз даст надеҳ”.
Дуюм
Ҳар мушкилие дар ҳаёти инсон пеш меояд, ин танҳо имконияи рушд аст.Чунки ҳаллу фасли масалҳои мушкили зиндагӣ барои инсон таҷриба аст ва такъягоҳ барои парвозҳои дигар. Таҷрибаи ҳаёти талху озмоишҳои вазнини ба дӯши ҳазрати Аюб бор кардашуда, ки ҳам ба дини Яҳудӣ, ҳам ба Насронӣ ва ҳам Ислом таалуқ дорад, беҳтарин ва равшантарин мисол аст.
This site was made on Tilda — a website builder that helps to create a website without any code
Create a website