Ҳодисае, ки мехоҳам дар борааш ҳикоя кунам дар яке аз рузҳои идонаи моҳи май рух дод. Дар арафаи Иди ғалаба, ки кишварҳои пасошӯравӣ санаи 9-ми май таҷлил мегарад. Дар Аврупо бошад 8-ми май ҳамчун рӯзи таслими фашизми олмон қайд мешавад. Пас аз дарсҳо ҳар сеямон машғули омодасозии дарсҳо будем, ки ногаҳон байни дустонам сӯҳбат дар атрофи ҷанги дуюми ҷаҳон оғоз шуд. Калима ба калима муколамаи Сураҷу Басир метасфиду баногоҳ ба муноқиша табдил ёфт. Басир даъво мекард, ки ҳар ҷангу ҷанҷол аз бехудоӣ ва дур шудани мардум аз шариату қоидаҳои Ислом сар мезананд. Ва агар одамон гуфтаҳои Илоҳиро риоя кунанд ҳеҷ гоҳ бо якдигар ҷанг нахоҳанд карду дар ҷаҳон сулҳу салоҳ ғалаба мекунад.
Сураҷ бошад гуфт, ки осоишу оромӣ аз дину диёнат вобастагӣ надорад, балки бештар ба қиматҳои умумибашарӣ, ки дар таълимоти Буддо омадааст.
Басир аз суханҳои ҷӯрааш сахт ба ғазаб омада бо овози баланд дағалона фарёд намуда гуфт, ки: - “Шумо ба худои дастсохтаи худ саҷда мекунед!”
Дар ҷавоб Сураҷ бо тамасхур пурсид, ки: - “Пас ҷаро мусулмонон ҷангҷӯ ҳастанду ҳар гуна ҳарактҳои тундрав ташкил ва дар тамоми олам мардумозорӣ мекунанд?”. “Муноқишаи байни дӯстони ҳамхонаам ранги ҷанҷолро то рафт зиёдтар пайдо мекарду аз наздикшавии муштзанӣ хабар медод” – мегӯяд Фирӯзҷон ва илова намуд, ки: - “Маҷбур шудам ба ин ҷанҷол хотима гузорам. Басирро ба оғӯш гирифтаму кашида ба ошхона бурдам”.