“Эҳтиром ба худ ва дигарон”

Оиди бепарвоӣ ба некӣ. Виҷдон.

Ман қоидаҳоро риоя мекунам. Муҳаббат ва эътибор лозиманд?

Бахти деромад ё бачагии талафёфтаи Нигора Ахматова

Ин қиссаро яке аз наздикони хонадон ҳикоя намуд.

-*- Ному насабҳо иваз гардидаанд -*-

Ин ҳодиса аз ноҳияи дурдасти Ашти вилояти Суғд оғоз меёбад...

Ҳанӯз соли 1995 дар ин диёри зебо Нигора ном, духтараки дӯструяку паричеҳра ба дунё чашм боз намуд. Овони кӯдакӣ ба назараш дар ҷаннат буду падару модараш фариштаҳои осмонӣ. Ӯро бо тамоми ҳастияшон дӯст медоштанду тамоми нозу карашмаҳояшро иҷро менамуданд. Вале ин саодат дер давом накард.



Яку якбора Нигора дар синни даҳ солагӣ аз падар ятим монд. Роҳбари оила, падари меҳрубонаш чанд вақт аз беморӣ азият мекашид. Солҳои вазнин дар кишвари мо Тоҷиистон он рӯзҳо фаро расида буданд ва модараш барои пайдо кардани луқмаи нон ба Русия ба муҳоҷирати меҳнатӣ меравад. Аз даҳони худи Нигора шунидаам, ки мегуфт:

“Падару модарам аввали солҳои 90-и бо назардошти кӯч бардоштан аз шаҳри Душанбе ба вилояти Суғд ва талаф ёфтани тамоми пасандозҳои оилавиашон мехостанд ҳамроҳ ба Русия бо муҳоҷирати меҳнатӣ барои дарёфти ҳисоби зиндагӣ раванд, аммо падарам бемор шуд”.

Муҳаббати волидайн ягона эҳсоси беғаразона дар ҷаҳон аст.

Уилям Сомерсет Могам, нависандаи Англис

Падари Нигора Акмал бисёр шахси меҳрубону ҳалим ва меҳнатдӯст буд. Ба касе ки ёрии ӯ лозим бошад ҳамон замон ба кӯмаки онҳо мешитофт. Ҳатто ҳамсоягону хешовандон аз ин хислати ӯ сӯиистифода ҳам мекарданд, чунки калимаи “не”-ро намедонист. Акмал билхосса меҳру муҳаббати беканорашро ба духтарчаи яккаву ягонааш Нигора бо тамоми вуҷудаш мебахшид. Дар ҳар сухану нигоҳҳо ба ҷигарбандаш саршории лутфу эҳтиром эҳсос мегардид. Албатта Нигора инро ҳис мекард ва дар навбати худ падаршро бисёр дӯст медошт.


Вақте ки падараш бемории ҷигар гирифтор гардиду бистари шуд тамоми кору бори хона, аз ҷумла пухту паз, рӯбичин, ҷомашӯйиву мағозаравӣ ба дӯши Нигораи даҳсола бор мешавад. Модар дар ғурубат барои дарёфти маош меҳнат мекард ва ҳар моҳ пул мефиристод. Нигора бо ғамхори ва меҳри беандоза ба падараш нигоҳубин мекард ва доруҳояшро саривақт медод ва аз паи тозагии падар буд. Ба синну соли бачагӣ нигоҳ накарда шабу рӯз дар хизмати падар буд. Фақат барои таҳсил ба мактабаш рафта меомад. Боқӣ вақташро барои нигоҳубини падараш сарф мекард.

Рӯзе Нигора бо ҳасрат ба холааш мегӯяд:

“Дугонаҳоям дар кӯча бозӣ мекарданд, ман ҳам бисёр мехостам ба онҳо ҳамроҳ шавам, вале наметавонистам падарро танҳо гузорам”.
“Мо бо падарам дар хонаи ду ҳуҷрагӣ зиндагонӣ мекардем. Бибию бобо ва амакам дар як маҳалла буданд, - гуфт дар идомаи суханаш Нигора, лекин ба хонаи мо зуд-зуд намеомаданд.
Агар ҳам баъзан биёянд бибиям маро сарзаниш мекардан, ки ба падар дуруст нигоҳубин намекунӣ. Чунин суханҳо сабаби азияту шабҳои бехобии ман мешуданд”.

Алқисса, баъди чанд моҳи беморӣ Акмал ин дунёро тарк кард. Дар як маврид Нигора худро бе болупар ва бепарастор ҳис мекардам. Бобою бибӣ Нигораи дилшикастаро назди худ бурданд.
“Онҳо модарамро сабабгори беморӣ ва марги падарам медонистанд ва нагузоштанд, ки назди модарам ба Русия равам – мегӯяд Нигора ва илова мекунад, ки барояш алоқаро бо модар манъ карда буданд”. Ана дар ҳамин лаҳзаҳо ӯ худро кӯдакӣ тез ба воярасида ва аз зиндагӣ дилмондаву ба касе лозим набуда ҳис мекард. Ҳар гуна фикрҳои бад вориди сараш мешуду шайтон ӯро ба кӯчаҳои пурнишебу тоб мебурду меовард.
Вилям Таккерей
_*_ НАВИСАНДАИ АНГЛИС_*_
Тарсу ҳаросҳои ҷавонӣ баъзе одамонро то охири умр тарк намекунад.
Ин ҳолати вазнин равонии гуё бобои кордидаву ҷаҳондида эҳсос мекард ва мекӯшид, то ки меҳри гумгаштаи писарашро барои набераи дӯстрӯякаш барқарор, яъне иваз кунад.
Худи Нигора он рӯзҳоро ёд оварда мегӯяд, ки:
“Ман ҳис мекардам, ки танҳо падар меҳру навозишро ба ман медод, вале аз он маҳрум гаштам. Бобоям ба ман бо диққат ва ба меҳрубони муносибат мекард, лекин мани дилшикаста онро на он қадар ҳис мекардам, ки ором шавам”.
Аз баски аз модар дур ва бехату бехабар буд руҳафтода мешуд. Модарашро дар дил сарзаниш мекард ва қасам мехӯрд, ки ӯро ҳеҷ гоҳ намебахшад. Чунки ӯро танҳо гузошта рафтааст. Аз синни даҳ солагӣ то ба воя расидан Нигора дар хонаҳои хешовандон зиндагӣ мекард ва ҳар гуна муносибату рафтор ва муомилаву гуфторҳои хешовандонро ҳиспай мебурду меомӯхт. Ҳар гоҳ амакбачаҳо модарҷону падарҷон гӯён муроҷиат мекарданд дар дили ӯ оташ меафрӯхт, меҳрубони волидонро нисбати фарзандонашон дида ҳавас мекард ва баъдан шабҳои дароз дар бистари хоб сим-сим гиря мекард.

Имрӯзҳо Нигора давраҳои мушкили бачагияшро пеши назар оварда мегӯяд, ки: -
“Ба худ қавл додам, ки агар оила ташкил кунам оилае бошад, ки ҳам падару ҳам модар ҳамроҳ бошанд, бо ҳамсари худ бо меҳру вафо зиндагонӣ кунам ва фарзандонамро чунон меҳру муҳаббат бахшам, то онҳо хушбахтарин инсонҳо гарданд. Бо ин орзуҳои ширин ба хоб мерафтаму ҳар саҳар аз рахти хоб берун мешудам”.

Хушбахтона қиссаи Нигора интиҳои хуб дорад. Парвардигор оҳу нолаҳои ӯро шунавид ва дучори ҷавони боақлу соҳибкасбро аз оилаи хуб дучор намуд. Нигора зани хушбахт асту модари ду писари таърифӣ. Зиёда аз ин моҳҳои наздик интизори духтарча ҳам ҳаст.
P.S.

Ҳодисаи дар қисса инъикосёфта беназир нест. Вазъити солҳои 90-ум асри гузашта барои бисёр оилаҳо мушкилоти зиёдеро ба миён овард. Низому тартиб ва равиши бомайлони ҳаёти даврони шӯравӣ, ки аз тарафи давлат кафолат дода мешуд аз байн рафт ва аксари одамон дар чорроҳаи ҳаёт ҳайёрону нигарон монданд. Шояд маҳз барои ҳамин ин ҳодисаи ҳаётӣ барои бисёриҳо ошнову маълум ва хеле наздик аст.

Мақсади асосии нақли ин қисса аз як тараф дар мисоли ҳаёти Нигора пайдо кардани ҷавобҳо ба чунин саволҳо: - “Эҳтиром ба худ ва дигарон” “Оиди бепарвоӣ ба некӣ”. “Виҷдон. Ман коидаҳоро риоя мекунам”. “Оё муҳаббат ва эътибор лозиманд?” ва аз тарафи дигар барои ҷавонон, ки дар остонаи интихоби роҳи ҳаёт қарор доранд ё баъдтар аз он пешорӯи чорроҳаи дилсардӣ аз оламу одам ҳастанд ҳамчун чароғаки роҳнишон ба сӯи худ мекашад ва метавонад убури мушкилоти фосилавии зиндагиро барои эшон осон намояд. Бо ибораи дигар гӯем: - “мушкилкушои ҷавонони балоғатрасида” гардад.
Дар мисоли ҳаёти Нигора ду пасомади зиндагиро барои худ бардошт кардан мумкин аст:

Ҳеҷ гоҳ маъюсу ноумед нашавед, ки дунё ҳамеша баумед асту, паси шаби сияҳ сафед...
Некӣ ҳамеша бимонад ҷовидон ва ҳатман ба соҳибаш дучанд бар гардад...

Танҳо онҳое, ки аз мо бадтаранд, дар бораи мо бад фикр мекунанд ва онҳое, ки аз мо беҳтаранд ... Онҳо танҳо дар бораи мо парвое надоранд

Умар Хайём
Шоир ва файласуф
This site was made on Tilda — a website builder that helps to create a website without any code
Create a website