Маърифати самоӣ

“Олами атроф” Қонун ва беқонунӣ. Ман фикри ғайр дорам...Ҳимоя аз тазйиқ. Хонае, ки дар он зиндагӣ дорам.

Саргузашти Олимова Махфуза аз забони худаш.

(Олимова Махфуза зодаи шаҳри Хуҷанд, маҳаллаи “Кӯлҳавз” номи қаҳрамонони саргузашт барои ифшо нашудани номҳояшон тағйир дода шудааст)

Ҳангоми як сӯҳбате, Маҳфуза аз қисмати талхи худ чунин қисса карда гуфт: - "Ман дар оилаи зиёӣ ва сарватманд ба воя расидаам. Падарам дар корхонаи мебелсозӣ роҳбар ва модарам духтури кӯдакона аст. Аз айёми наврасӣ ба касби дизайнери либосҳо шавқу рағбат доштам ва мехостам дар оянда бо ин касб машғул шавам.
Дар тӯю маъракаҳо, ки модарҷонам маро бо худ мегирифт ва ҳатто дар кучаю хиёбонҳо ба либоси духтарону занҳои зебои Хуҷандӣ назар мекардаму бештар дар бари онҳо тарҳи Аврупоиро медидам.
Боварӣ доштам, ки рӯзе онҳо либосҳои дизайнерии маро ба бар мекунанду ман аз он фахр"...

Баъди хатми мактаб ба Институти политехникии шаҳри Хуҷанд дохил шудам. Ҳангоми таҳсил бо ҳамкурсам Воҳидов Амир (ному насаб иваз карда шудааст) шинос шуда, бо ӯ тез-тез муошират мекардам. Оқибат ба ҳамдигар ошиқ шудем. Баъзе рӯзҳо, ки нақшаи дарсҳоямон ба ҳам мутобиқат намекарданду моро имконияти вохурдан пайдо намегардид, гӯё ҳавои нафасам маро гулӯгир мекарду хеле маҳзун мегардонид.
Рӯзе модарам аз муносибати ману Амирҷон бохабар шуд ва пас аз чанде ба падарам низ нақл намуд. Аз афташ пас аз пурсуҷӯи оилаи дилбастаам дар аввал волидонам зидди муносибатҳои мо бархостанд. Вале оҳиста оҳиста қатъияти ман ғалаба намуд ва падару модарам ба ғиччироси дандонҳо интихоби маро қабул намуданд.

Падару модари Амирҷон аз оилаиҳои оддӣ, чӣ хеле дар Хуҷанд мегӯянд “халқӣ” буданд ва дар яке аз мағозаҳои бозори Панҷшанбе савдогарӣ мекарданд. Амирҷон аз авлоди оилаҳои диндори маҳаллаи куҳантарини шаҳри Хуҷанд – “Кӯпруки баланд” аст. Гирду атроф медонистанд, ки занҳои ин оила бааврат ҳастанду мардонаш дар ҳар маъракаву ҷашнҳои дунъявӣ иштирок намекунанд.

Гапро зиёд накарда гуфтаниам, ки дар яке аз рӯзҳои гарми тобистонӣ ман ба мақсад расидам ва тӯйи арусии мо дар ҳавлии Амирҷон баргузор гардид. Аз хурсандиам ҳатто эътибор надодам, ки маъраки туйи арусӣ бо риояи талботҳои шариати исломӣ баргузор гардид. Он лаҳзаҳо пеши назар майда - чуйда менамуд.
Ду моҳи аввали баъди хонадоршавӣ хеле хуб буданд, аммо баъд воқеҳое сар заданд, ки ман умуман интизорашон набудам...
Чӣ хеле ки алакай гуфтам оилаи Амирҷон хеле диндор буда, урфу одат ва қоидаҳои маҳаллӣ ва нафақат, балки баъзе хурофотҳоро пайравӣ мекардияну маро низ ба риояи онҳо маҷбур мекарданд. Масалан ман маҷбур шудам, ки ҳар саҳар соати 5-и субҳ аз хоб бедор шуда, новобаста аз шароити обу ҳаво, барфу борон, сарфи назар аз он ки соати чанд хоб рафтам ва рӯзона чӣ кор мекардам, ҳавлиро бояд рӯву чин кунам.
Ман дар як рӯз се маротиба барои шаш нафар хӯрок мепухтам, зеро бибию хоҳари хурдиаш бо мо дар як ҳавлӣ зиндагӣ мекарданд. Хушдоманам ва хоҳари хурдиаш Мадина зуд-зуд ба мағоза мерафтанд ва агар дар хона бошанд телевизор тамошо мекарданд. Ман бошам ҳуқуқ надоштам, ки бо онҳо нишинам. Балки бояд хӯрок пазаму ва корҳои хонаро иҷро намоям.

Ёд дорам, ки бори аввал аз хушдоманам хоҳиш карда гуфтам:
  • Модарҷон маро ҳам ҳамроҳи худ ба сайру гашт баред, ки ҳавои тоза нафасгираму аз гулгаштҳои шаҳрамон ҳаловат барам.
Дар ҷавоб бо шиддат ҷавоб доданд:
  • Келини бо ақлу тарбия ва намунавӣ бояд корҳои рӯзгорро анҷом дода дар хона нишинад...

"Ҷанҷоли оилавӣ чизи талх аст. Онҳо ба ягон қоида риоя намекунанд. Онҳо ба дард ё захм монанд нестанд. Онҳо бештар ба тарқишҳои пӯст монанданд, ки аз сабаби нарасидани мавод шифо намеёбанд."


Фрэнсис Скотт Фитзҷералд
Нависандаи амрикоӣ
Ин суханони хушдоманам мисли наштари занбӯр ба дилам сих зад. Чунки ҳамаи он чизҳое, ки ба ман иҷозат набуд, ба Мадина, духтарашон мумкин буду и н алами маро дучанд мекард. Хушдоман инро бо он асоснок мекард, ки дар маҳалла ҳамсояҳо ғайбат мекунанд. Шавҳарам чун оилаи суннатӣ ба насиҳати модар гӯш медод ва бештар дар рафтору гуфтораш ҳарфҳои хушдоманамро медидам.
Дар давоми ним соли зиндагии якҷояамон “гардеробам” ба таври назаррас тағйир ёфт. Ман на он чизеро, ки ба ман маъқул буд, мепӯшидам, балки он чизҳое, ки иҷозат медоданд. Азбаски шавҳарам ҳанӯз ҷавон буд ва кор намекард, волидонам барои ман сару либос ва ашёву лавозимотҳои шахсӣ мехариданд.
Аз ин сабаб тез-тез дар хонаи мо ҷанҷолҳо рух медодагӣ шуд. Алалхусус вақте ки модарам либоси зебое ба ман тӯҳфа мекард, хушдоманам қатъиян намехост, ки ман онро ба бар кунам ва мегуфт: “гӯё ба ман назебидааст”. То он даме, ки мо бо ҳам зиндагӣ мекардем, боре ҳам ман ҳис накардам, ки шавҳарам тарафи ман аст.
Баътар вай зуд-зуд телефонамро тафтиш мекардагӣ шуд. Бо телефон муошират карданро бо ҳамкурсонам манъ кард. Дар донишгоҳ сифати хониши ман паст рафтан гирифт, ҳарчанд устодон маро дастгирӣ мекарданд. Аммо ҳадди ниҳоии сабри ман он буд, ки волидони шавҳарам ва шавҳарам тасмим гирифтанд, ки ман аз курси сеюм таҳсилро тарк кунам.
Онҳо ин қарори худро бо он асоснок карданд, ки барои зан муҳимтарин чиз ин хона ва оила аст. Ҳар як далели ман, ки ин орзуи тамоми ҳаёти ман аст ва ин касбест, ки ба ман маъқул аст, касе гӯш кардан намехост. Ин сӯҳбатҳо ва дар баъзе ҳолатҳо чангу хархашаҳо чанд ҳафта давом карданд ва билохира ба “ультиматум” табдил ёфт.

Михаил Ефимович Литвак - равоншинос

"Баъзан барои хушбахтии ту ҳама корро мекунанд, вале ту бадбахт мемонӣ."

Рӯзе баъди хархашаи навбатӣ бо хушдоман дав-давон вориди хона шуда бо овози баланд гиръя мекардам, ки шавҳарам бо хашму ғазаб гуфт:
  • “Агар хонданро бас накунӣ, агар пурра ва бечунучаро ба гапи шавҳару хушдоман итоат накунӣ, тамоми талаботу шарту шароити хонаи моро иҷро накунӣ аз ту ҷудо мешавам”.
  • Забонам он лаҳзаҳо лолу гунг шуда, пеши чашмонамро сиёҳӣ пахш карда буд ва ҳарферо аз гулуям берун карда натавонистам...
Қариб як сол мешавад, ки аз аз дилбандам, шавҳаре, ки бе сарҳад дӯсташ медоштам ҷудо ҳастам ва аз шунидани номи Амир дилам реш мегардад ва ҳамон замон ба тапидан медарояд. Намедонам чӣ кор кунам. Вой аз ночорӣ!!!
Чанд хулосаи мухтасар:
1
Бузурге гуфта, ки тарбияи кӯдакро аз тарбияи падару модараш оғоз бояд кард. Дахолати азҳад зиёди волидайн ба ҳаёти оилаҳои навбунёд бештар таъсири манфӣ мерасонад. Дар кишварҳои пешрафтаи ғарб баъди балоғат расидани фарзандон падару модар сарпарастии беҳадро аз болои фарзандон бардошта озодии онҳоро афзалтар медонад.

2
Синну соли ҷавонон низ роли худро дар ташаккули оилаи мустаҳкам мебозад. Дар кишвари мо, ки дар овони хеле ҷавонӣ, 18 - 19 солагӣ хонадор мекунанд, ҳам аз нуқтаи назари равонӣ ва ҳам таҷрибаи ҳаётӣ норасидаанд. Синни беҳтари издивоҷ 25 -27 солагӣ ҳаст, ки навҷавнон аз тариҷбаи зиндагӣ дарсе бардошт мекунанд.

3
Байни мардум солҳои охир мафҳуми нодурусте оиди келини нав пайдо гардидааст. Яъне аруси навҷавонро дар оилаи шавҳар ҳамчун хизматгор қабул мекунанд.
Ҳол он ки дар дини ислом мавқеъву манзалат ва ҳуқуқҳои занро баланд ва хеле одилона муайн карда шудааст.

Расули Худо (с) дар ин замина мефармояд: «Беҳтарини шумо касоне мебошанд, ки бо зан ва хонаводаи худ ба беҳтарин равиш рафтор намоянд ва ман беҳтарини шумо дар муошират бо аҳли худ мебошам».

(Сунани Тирмизӣ, Ҳадиси 3895).

Ё худ дар “Китоби Муққадас” (Библия) омадааст:
“Ҳарду зану шавҳар баракати ҳаётро ба таври баробар мерос мегиранд, ки онҳо бо муносибатҳои тобеияти мутақобила ва масъулияти ҳамдигар баробаранд”.

(Ирсол аз Петр, сарлавҳаи 3, сархатҳои 1-7)

This site was made on Tilda — a website builder that helps to create a website without any code
Create a website